Октябр 09, 2022 11:13 Asia/Dushanbe
  • Тайибӣ дар солҳои 2014 ва 2018 ба тартиб бо задан 15 ва 14 гол ин унвонро аз они худ карда буд
    Тайибӣ дар солҳои 2014 ва 2018 ба тартиб бо задан 15 ва 14 гол ин унвонро аз они худ карда буд

Муслим Увлод Қубод, бозикуни тими миллии футсоли Эрон ба унвони беҳтарин бозикуни Ҷоми миллатҳои футсоли Осиё-и 2022 интихоб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии  Садои Хуросон, Муслим Увлоди Қибод бозикуни тими миллии футсоли Эрон дар бошгоҳи Полмои Испания ба унвони беҳтарин бозикуни Ҷоми миллатҳои футсоли Осиё-и 2022 интихоб шуд.

Ҳусайни Тайибӣ капитани тими миллии футсоли Эрон низ бо 10 голи зада бартарин голзани ин рақобатҳо интихоб ва пояфзоли талоро тасоҳуб кард.

Тайибӣ дар солҳои 2014 ва 2018 ба тартиб бо задан 15 ва 14 гол ин унвонро аз они худ карда буд.

Ҳамчунин тими миллии футсоли Эрон дар финали Чоми миллатҳои Осиё бо натиҷаи 3 бар 2 муқобили Ҷопон шикаст хурд ва ноиб қаҳрамони мусобиқот шуд.

Барчасп