Ваҳдат ; меҳвари нишасти уламову рӯҳониюни шиъау суннии систону Балӯчистони Эрон
(last modified Sun, 09 Oct 2022 07:13:35 GMT )
Октябр 09, 2022 12:13 Asia/Dushanbe
  • Ваҳдат ; меҳвари нишасти уламову рӯҳониюни шиъау суннии систону Балӯчистони Эрон

Уламои шиъаву суннии устони Систону Балучистони Эрон бо маҳкум кардани иғтишошоти ахир бар ҳифзи ваҳдату ҳӯшёрӣ дар муқобили тавтеъаи душманон таъкид карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,имомони ҷумъаи шаҳристонҳои устони Систону Балучистони Эрон дар ин нишаст, ҳушёрӣ дар баробари тавтеъаҳои душманону ваҳдат ва равияву басиратафзоиро зарурӣ донистанд .
Ҳамчунин уламо, рӯҳониюн ва мусафедони устони Систону Балучистони Эрон, ҳӯшёрии комили мардуму масъӯлонро дар баробари дасисаҳои душманон дар ҷиҳати эҷоди оромишу амнияти устон хостор шуданд .
Ҷамъе аз уламо, муътамидин ва сарони тавоифу ақшори мухталифи мардуми устони Систону Балӯчистони Эрон низ зимни гиромидошти ёду хотираи шуҳадои амният, иқдомоти иғтишошгаронро маҳкум ва бори дигар бо ормонҳои низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломӣ,шуҳадо, Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таҷдиди паймон карданд .
Бурузи иғтишошоти ахир дар Эрон ба баҳонаи марги Маҳсо Аминӣ бори дигар мӯҷиб шуд, то душманони хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон аз он ба унвони фурсате барои мудохила дар умӯри дохилии Эрон ва низ таҳрики ҳар чи бештари ошӯбҳо истифода кунанд .