Декабр 07, 2016 13:18 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми гурӯҳи диишӣ дар марзҳои ғарбии Эрон

Муовини амниятии вазири кишвари Эрон аз инҳидоми як гурӯҳи террористии такфирии вобаста ба ДИИШ дар марзҳои ғарбии ин кишвар хабар дод.

Ба иттилои Ирно, Ҳусайни Зулфиқорӣ, муовини амниятии вазири кишвари Эрон субҳи имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Ин гурӯҳи террористии 3 нафара бо ҳадафи иқдомоти харобкорона қасди вуруд ба кишвар аз марзҳои ғарбии Эрон доштанд.

Зулфиқорӣ афзуд: Маъмурони Вазорати иттилоот муваффақ шуданд, бо иқдомоти ба мавқеъ ин гурӯҳи террористиро қабл аз ҳар иқдоми харобкоронае шиносоӣ ва муталошӣ кунанд.