Давандаи Эрон ба медали тиллои қаҳрамонии Осиё расид
Давандаи 400 метри Эрон аввалин тиллои тими дав ва майдонии Эронро дар рақобатҳои қаҳрамонии навҷавонони Осиё 2022 ба даст овард .
Чаҳорумин давраи рақобатҳои дав ва майдонии(варзишҳои сабук) қаҳрамонии навҷавонони Осиё аз 13 то 16 октябр бо ҳузури 30 кишвар дар бахши духтарону писарон ба мизбонии Кувайт дар ҳоли баргузарӣ аст . Тими миллии Эрон бо 25 варзишкор дар ин мусобиқот ширкат кардааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар идомаи рақобатҳои дав ва майдонии қаҳрамонии навҷавонони Осиё намояндагони Эрон ба масофи руқабои худ рафтанд .
Сайид Муҳаммадсаҷҷоди Оқоӣ дар даври ниҳоии рақобати модаи 400 метр бо сабти замони 48.37 сония тавонист ба унвони нафари аввал аз хати поён убур кунад ва аввалин медали тиллои тими миллии дав ва майдонии Эронро дар мусобиқоти навҷавонони қаҳрамонии Осиё 2022 касб кард .
Давандагони Эрон Амир Ҳусайни Зандӣ ва Муҳаммадризо Маҳмудинажод дар финали рақобати модаи 110 метр бо монеъ ба тартиб бо сабти замонҳои 14. 23 сония ва 14.60 сония дар ҷойгоҳҳои чаҳоруму шашум қарор гирифтанд .
Пеш аз ин ва дар рӯзи нахусти мусобиқот ҳам Эрон соҳиби се медал шуд ; Миллико Наврӯзӣ ва Маҳдиси Миноипур дар партоби чаккуш(гурз) ба тартиб нуқра ва бринҷӣ гирифтанд . Аршёи Мусаддиқӣ ҳам дар париш бо найза соҳиби медали нуқра шуд .