Мухолифати Эрон бо истиқрори нерӯи хориҷӣ дар минтақаи Қафқоз
(last modified Sun, 16 Oct 2022 09:50:58 GMT )
Октябр 16, 2022 14:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷайҳун Бойромов вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон низ дар ин гуфтугӯ равобити дукишварро муҳим хонд
    Ҷайҳун Бойромов вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон низ дар ин гуфтугӯ равобити дукишварро муҳим хонд

Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефони бо ҳамтои Озарбоиҷонии худ ҳузури нерӯҳои бегона дар Қафқозро нигаронии муштарки кишварҳои минтақа бар шумурд ва бар мухолифати Эрон бо истиқрори ҳаргуна нерӯи хориҷӣ дар минтақа таъкид кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии  Исломии Эрон дар посӯх  ба тамоси телефонии  Ҷайҳун Бойромов, вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон, дар мавриди муҳимтарин мавзӯъот дар арсаи дуҷонибаи минтақаӣ ва байналмиллалӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Амир Абдуллоҳиён дар ин гуфтугӯ бо ишора ба амқи равобити Эрон ва Ҷумҳӯрии Озарбойҷон, дидори ахир руасои дукишвар дар ҳошияи Иҷлоси сарони кишварҳои узви конфронси Сико дар Остонаи Қазоқистонро муҳим тавсиф кард.

Вай бо ишора ба таҳавулоти ахир дар минтақаи Қафқоз, бар ҳимоят аз ҳокимият ва тамомияти арзии кишварҳо аз ҷумла Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Арманистон таъкид кард ва ин рӯйкардро сиёсати домими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон хонд.

Ҷайҳун Бойромов вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон низ дар ин гуфтугӯ равобити дукишварро муҳим хонд.

Вай зимни мухолифат бо ҳузҳури нерӯҳои хориҷӣ дар минтақа, аз мавзӯъи Ҷумҳӯрии Исломии  Эрон дар ин замина ҳимоят кард.