Октябр 17, 2022 09:57 Asia/Dushanbe
  • Суханони Байден бори дигар дуруғ будани иддаои ҳимоят аз ҳуқуқи инсону сулҳро исбот кард

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба шайтанати ахири Амрико гуфт: Изҳори назарҳои раиси ҷумҳӯри Амрико дар ҳимоят аз ошӯб, террор ва ноамнӣ дар Эрон бори дигар дуруғ бӯдани иддаои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва амнияту сулҳро исбот кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии Эрон,Сайидиброҳими Раисӣ бо ишора ба инки дар решаёбии бештари харобкориҳо, террорҳо ва иғтишошоти минтақа метавон нақшу шайтанати Амрикоро ёфт,тасреҳ кард: 70 соли ҳимоят аз ҷинояти режими саҳюнистӣ дар Фаластин ва ҳамчунин ду даҳа таҷовузу ҷангафрӯзии худи амрикоиҳо дар Афғонистон намунаҳое аз иқдомоти шайтони бузург аст .
Раисӣ бо баёни инки амрикоиҳо аз ҳар ҳаракати хуб, навоварона ва халлоқонаи миллати Эрон эҳсоси хашм ва аз костиҳо ё мушкилот ва ҳамчунин аз ноамниҳо  эҳсоси шаафу хушҳолӣ доранд афзуд:Миллати басири Эрон душману тарфандҳояшро ба хубӣ мешиносад ва ин бор ҳам ӯро дар расидан ба ҳадафаш ноком мегузорад ва роҳи рушду пешрафтро бо қуввату иззат идома медиҳад .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон умедофаринӣ дар ҷомеъа бо суханони дуруст, қобили дифо ва ваҳдатофаринро вазифаву маъмурияти хатиру аслии аъзои давлат унвон кард ва гуфт:Душман дар ҳаводиси ахир ба дунболи таблиғи яъсу ноумедӣ аст ва бояд бо иқдомоти муассир барои пешбурди умӯр ва ҳалли мушкилоти мардум бо ин тавтеъаи душман муқобила кард .

 

Барчасп