Октябр 19, 2022 09:24 Asia/Dushanbe
  • Эрон иддаои ирсоли паҳпод ба Русия барои ҷанги Украинаро рад кард

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон бархе иддаоҳои матраҳшуда дар хусӯси ирсоли таслеҳот аз ҷумла паҳподҳои низомӣ аз сӯи Эрон барои истифода дар ҷанги Украинаро рад кард .

Ба гузориши идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангўии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Носир Канъонии Чофӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба бархе иддаоҳои матраҳшуда дар хусӯси ирсоли таслеҳот аз ҷумла паҳподҳои низомӣ аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрони ҷиҳати истифода дар ҷанги Украина, ин иддаоҳоро орӣ аз дурустӣ хонд .

Сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаоҳои беасос, ки бар пояи иттилооти ғалат ва гумонҳои муғризона матраҳ мешавадро бахше аз фазосозии сиёсии  ҳадафманди дастгоҳҳои расонаии бархе аз кишварҳо зидди Ҷумҳурии исломии Эрон қаламдод кард ва аз ҳамин рӯ омодагии Эронро барои гуфтугу ва музокира бо Украина ҷиҳати рафъи иттиҳомот эълом кард . Канъонии Чофӣ бо ишора ба бетарафии фаъоли Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷанги Украина тасреҳ кард : Ҷумҳурии исломии Эрон аз ибтидои мунозиъа ҳамвора зимни мухолифат бо идомаи ҷанг бар лузӯми таваққуфи даргирӣ ва ҳаллу фасли ихтилофот аз тариқи мусолиматомез таъкид карда ва дар ин иртибот дидорҳову тамосҳои гуногуне аз сӯи вазири умӯри хориҷаи Эрон бо вазирони умури хориҷаи Русия ва Украина анҷом шудааст .

Сухангӯи дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон таъкид кард : Ҷумҳурии исломии Эрон бо иттихози мавзеи шаффофу халалнопазир ҳамвора бар риояти асли бунёдини ҳокимият, истиқлол, тамомияти арзӣ ва якпорчагии тамоми кишварҳо аз ҷумла Украина бар асоси усӯлу аҳдофи маншури Миллали Муттаҳид ва ҳуқуқи байналмиллал таъкид кардааст .