Октябр 20, 2022 10:52 Asia/Dushanbe
  •  Дар 43 соли ахир чандин бор аз фурӯпошии Ҷумҳӯрии Исломи Эрон ҳарф задаанд аммо пойдори ва истимрори ҳаракати инқилоб нишон медиҳад ин таҳлил ғаллат ва ғайри воқеъбинона аст
    Дар 43 соли ахир чандин бор аз фурӯпошии Ҷумҳӯрии Исломи Эрон ҳарф задаанд аммо пойдори ва истимрори ҳаракати инқилоб нишон медиҳад ин таҳлил ғаллат ва ғайри воқеъбинона аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ пешрафтҳои 4 даҳҳаи ахир Эронро нишондиҳандаи сиҳати таҳлили Инқилоб аз ҷаҳон дар муқобили таҳлили ғарбгароҳо донистанд.

Ҳазрати  Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи чаҳоршанбе дар дидори садҳо нафар аз нухбагони ҷавон ва истеъдодҳои бартари илмӣ, нухбагони дошингоҳиро дар чаҳор даҳҳаи ахир муҷиби обуруи Эрон хонданд ва афзӯданд: Ҳама ба вижа масъулон ва муассирин дар фазоӣ кишвар бояд нухбагони илмиро ҷузви беҳтарин сарватҳои кишвар бидонанд ва аз онҳо ҳимоят кунанд ва нухбагон низ зарфиятҳо ва истеъдодҳои фардии худро ба сармояи пешрафти кишвар табдил кунанд.

Эшон дар ташреҳи гушаҳое аз ифтихороти нухбагон ва донишмандони кишвар, ба таҳқиқот ва дастоварҳои бунёди ва шабеҳсозии ҳайвони зинда, пешрафт дар биюшимӣ, партоб ва интиқоли моҳвора ба фазо, дастоварҳои бунёди дар санъати ҳастаӣ, тавлиди воксанҳои печида аз ҷумла воксани Короно ва пешрафтҳои хира кунанда дар саноъеи мушакӣ ва паҳподи ишора карданд.

Эрон пас аз Инқилоби Исломӣ тавонистааст  дар масири коҳиши вобастагиҳо ҳаракат кунад ва акнун бархе шохисҳои иқтисодӣ ҳамчун афзоиши тавлиди нохолиси дохилӣ ва пешрафтҳои санъатӣ, ҳастаӣ, ҳавофазо ва илмӣ, ки ҳама дар шароити таҳримҳо ҳосил шудааст, нишон диҳандаи муваффақияти Эрони Исломӣ дар баробари душманон аст.

Яке аз ифтихороти ғурурофарини Ҷумҳӯрии Исломи Эрон, рушди рӯзафзӯн ва ҳузури фаъолони кишвар дар арсаҳои илмӣ аст. Суръати пешрафти илмӣ дар Эрон бар асоси гузориши маҳофили илмии байналмиллалӣ,11 баробари суръати мутаваситаи рушди илм  дар ҷаҳон аст, ба тавре, ки саҳми Эрон аз тавлиди илми дунё дар соли 1998 аз 0.07 дарсад, ба 2 дарсад дар соли 2020 мерасад. Яъне саҳми Эрон аз тавлиди илми дунё нисбат ба чамъияти кишвар беш аз ду баробар шудааст.

Дар заминаи фанноварӣ ва таҳқиқоти сулулҳои бунёдӣ, Эрон ҷузви 10 кишвари бартари ҷаҳон маҳсуб мешавад ва муҳақиқони эронӣ тавонистаанд пешрафтҳои хуберо дар ин замина ба даст овардаанд. Онҳо муваффақ шудаанд аз сулулҳои бунёдӣ ҳатто дар пайвандҳои мағз ва усухон, пуст ва тармими бофти осеб дидаи қалб истифода кунанд. Ҳамчунин дар пажуҳишкадаи Руёни Исфаҳон шабеҳсозии сулулҳои бунёдӣ анҷом шудааст.

Дастоварҳои арзишманд дар ҳавзаи НОНУ ва лазер аз дигар осори пешрафтҳои илмӣ ватфанноварии Эрон баъд аз Инқилоб аст. Илми НОНУ таҳшавулоти бузургеро дар ҷаҳон эҷод карда ва бар асоси гузорише, ки пойгоҳи "Веб  Ов Сойенс" дар соли 2017 мунташир кард Эрон бо тавлиди ҳашт ҳазору 791 мақола рутбаи чаҳоруми тавлиди илму фанноварии НОНУ-ро ба худ ихтисос додааст.

Фанновари ҳастаӣ низ ба унвони яке аз фанновариҳои меҳварӣ ва поя, ки саҳми бузурге дар густариши фанновариҳои нав ва пешрафти саноъеӣ навин дорад, мавриди таваҷӯҳи Чумҳӯрии Исломии Эрон аст ва дар солҳои ахир, донишмандони ҳастаии Эрон муваффақ шудаанд анвоъи маҳсулоти пур масрафро, ки мавриди ниёзи марокизи илмӣ ва таҳқиқотии кишвар аст, тавлид кунанд. Ба унвони мисол донишмандони эронӣ дар ҳавзаи ташхис ва дармони саратон ба иктишофоти муҳиме даст ёфтанд, ки вориди марҳила озмоиши болини хоҳад шуд, Эрон ҷузви 5 кишвар бартарини  ҷаҳон дар ҳавза аст.

Ҷумҳӯрии  Исломии Эрон ҳамчунин дар чаҳор даҳҳаи гузашта мавқеиятҳои бузург дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии фазоӣ касб кардааст. Партоби моҳворабарҳо ва низ моҳвораҳои бумӣ дар чанд солаи ахир намоди ин пешрафти бузург дар арсаи фазоӣ маҳсуб мешавад. Акнун Эрон дар байни 10 кишвари соҳиби чархаи комили фанноварии моҳвора дар ҷаҳон аст.

Албата ин танҳо бахшҳое аз пешрафтҳои илмӣ ва санъатии Эрон дар 4 даҳҳаи ахир аст, ки бар хилофи идда ва таблиғи душманон, чашмандози рушан барои мардуми Эрони Исломӣ тарсим  мекунад. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ низ бо ишора ба уфуқи рушани ояндаи кишвар таъкид карданд: Дар 43 соли ахир чандин бор аз фурӯпошии Ҷумҳӯрии Исломи Эрон ҳарф задаанд аммо пойдори ва истимрори ҳаракати инқилоб нишон медиҳад ин таҳлил ғаллат ва ғайри воқеъбинона аст.