Октябр 20, 2022 14:56 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи саноъати ҳастаӣ ниёзи мубрами ҷомеъа аст

Раиси созмони энержии атомии Эрон гуфт : Тавсеаи саноъати ҳастаӣ ниёзи мубрами ҷомеъа аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Исломӣ-раиси Созмони энержии атомии Эрон дар маросими рӯнамоӣ аз дуюмин сомонаи бумии партавдиҳии ГАМА бо ишора ба инки фанноварии ҳастаӣ доманаи корбурдии бисёр васиъе дорад, афзуд : Имрӯз Ҷумҳурии исломии Эрони шоҳиди афзоиши суръати пешрафт дар саноъати ҳастаӣ аст . Исломӣ бо ёдоварии таъкидоти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва ҳамчунин санади ҷомеъи тасвибшудаи Созмони энержии атомии Эрон, густариши саноъати сулҳомези ҳастаиро дар дастури кори ин созмон эълом кард ва гуфт : Хушбахтона ба шакли рӯзафзӯн дар бахши корбурдӣ фанновариҳо дар ҳоли густариш аст . Муовини раиси ҷумҳурӣ бо ишора ба корбурди муҳими партовҳо дар амнияти ғизоӣ ва ҳамчунин саломати ҷомеъа ، тасреҳ кард : Танҳо роҳе ки дунё даҳҳо сол аст, ки аз он истифода мекунад партавдиҳӣ бо ашаъаи гама аст ва ба ҳамин хотир нисбат ба ин масъала иҳтимоми вижае шудааст . Раиси созмони энержии атомии Эрон бо таъкид ба инки кори тарроҳӣ ва муҳандисии сомонаи партавдиҳии гамаии худҳифоз ва сохти он тавассути ширкатҳои донишбунёни дохилӣ анҷом шудааст, гуфт : Ин сомона доманаи корбурди бисёр густардае дорад ва бо тарҳи мутолиъотӣ ки анҷом шуда ва ҳамчунин бо шиносоии конунҳои тавлиду таъмини маҳсӯлоти кишоварзӣ ин сомонаҳо дар сатҳи Эрон густариш хоҳад ёфт .

 

Барчасп