Омодагии Эрон барои афзоиши транзити коло бо кишварҳои Осиёи Марказӣ
Муовини ҳамлу нақли вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон аз омодагии Эрон барои афзоиши транзити коло бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.
Конфронси байналмилалии ҳамлу нақли Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Туркия, Чин, Русия, Беларус ва раисон ё дабирони кулли созмонҳои ҳамлу нақлӣ ва марокизи илмӣ ва таҳқиқотии кишварҳо ва ширкатҳои ҳамл нақлӣ баргузор шуд.
Шаҳриёри Афандизода, муовини ҳамлу нақли вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон дар ин конфронси зимни ташреҳи мавқеъияти ҷуғрофиёии стротежӣ ва мазиятҳои луҷистики Эрон гуфт, транзити колои Чин метавонад аз масири Тоҷикистон ва аз тариқи Узбекистон, Туркманистон ба Эрон ва сипас ба Туркия ва Аврупо ирсол шавад.
Афандизода афзуд, иртиботи Эрону Тоҷикистон, нақши муҳимме барои ду кишвар дар заминаи ҳамроҳ кардани соири кишварҳои дар масири колои транзит ва содироту воридоти ду кишвар, назири Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон дорад.
Вай гуфт, ниёз аст Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки нақши муҳиму калидӣ дар масири транзитии убурӣ аз Эрон дар каридори шарқ – ғарб ва шимол - ҷануб доранд бо як дипломасии иқтисодии қавӣ ва мустамар, ба таъмиқи муносибот ба сурати дуҷониба ва чандҷониба бо онҳо, иқдом кунад то битавонад аз зарфияти шабакаи транзити худ бо иттико бар тавонмандиҳо ва соири имконот истифодаи беҳина кунад.
Бештар бихонед: