Октябр 24, 2022 10:20 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти беш аз 34 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аз Эрон дар моҳи гузашта

Беш аз 34 ҳазор нафар аз муҳоҷирони афғон дар моҳи гузашта аз Эрон вориди кишварашон шудаанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сиддиқуллоҳи Нусрат-раиси идораи муҳоҷирони Афғонистон эълом кард  дар меҳрмоҳи соли ҷорӣ 34 ҳазору 188 нафар аз муҳоҷирони ин кишвар аз тариқи марзи Милаки Эрон ҳаммарз бо вилояти Нимрӯзи Афғонистон ворид кишварашон шуданд.
Дар ин замина Шермуҳаммад Аббоси Станакзай-муовини сиёсии Вазорати хориҷаи давлати муваққати Толибони Афғонистон пештар бо қадрдонӣ аз Эрон барои пазириши миллионҳо муҳоҷири афғон дар чаҳор даҳаи гузашта гуфт : Афғонҳо фаромушкор нестанд ва дар замони муносиб подоши некии кишварҳои ҳамсоя бавижа Эрону Покистонро ба хотири меҳмоннавозии муҳоҷирони афғон хоҳанд дод .
Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора ба мардуми Афғонистон дар заминаҳои мухталиф кумак кардааст .
Аз ҳудуди чаҳор даҳа пеш бо ишғоли Афғонистон аз сӯи неруҳои Шуравӣ ва ҳамчунин ишғоли низомиёни амрикоӣ аз соли 2001 миллионҳо нафар аз Афғонистон овора шудаанд . ­
 

 

Барчасп