Ноябр 01, 2022 11:01 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Комиссиюни муштараки иқтисодии Эрону Русия

Нишасти шонздаҳумин Комиссиюни муштараки иқтисодии Эрону Русия ба мизбонии Русия оғоз шудааст ва то фардо 2 ноябр идома хоҳад дошт . Вазири нафти Эрон раёсати ҳайати Эрон ва Александр Новак, муовини нахуствазири Русияи ҳам раёсати ҳайати Русияро бар уҳда доранд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар Комиссиюни муштараки Эрону Русия намояндагоне аз вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои ду кишвар ҳузур доранд, ки бо ҳамтоёни худ ба гуфтугӯи коршиносӣ барои тадвини асноди ҳамкорӣ мепардозанд .
Комиссиюни муштараки Эрону Русия пас аз поёни гуфтугуҳо асноди мутаъаддиди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталифро барои имзо дар ихтиёри вазири нафти Эрон ва муовини нахуствазири Русия қарор медиҳад .
Эрону Русия то кунун 15 нишаст дар қолаби Комиссиюни муштараки иқтисодии ду кишвар баргузор кардаанд, ки дар ин нишастҳо асноди мухталифе таҳия шуда ва ба имзои масъӯлини ду кишвар расидааст .
Баргузории нахустин нишасти Комиссиюни муштараки иқтисодии Эрону Русия ба ноябри 1996 бармегардад.Ин нишаст нахустин нишаст пас аз фурӯпошии иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ дар соли 1991 буд.
Понздаҳумини нишасти Комиссиюни муштараки иқтисодии Эрону Русия низ майи 2019 бо масъӯлияти вазорати неруи Эрон дар Теҳрону Исфаҳон баргузор шуд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп