Авҷӣ : Асноди хубе байни Эрону Русия имзо мешавад
(last modified Tue, 01 Nov 2022 07:00:05 GMT )
Ноябр 01, 2022 12:00 Asia/Dushanbe
  • Авҷӣ : Асноди хубе байни Эрону Русия имзо мешавад

Вазири нафти Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Равобити Эрону Русия дар тӯли таърих беназир буда ва дар бахшҳои мухталиф рӯ ба густариш аст.

Ҷаводи Авҷӣ-вазири нафти Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия тасреҳ кард бар асоси тавофуқи раисони Ҷумҳурии Эрону Русия густариши равобити ду кишвар дар бахшҳои мухталиф дар дастури кор қарор дорад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шонздаҳумин нишасти Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Русияи рӯзи душанбе бо ҳузури раисони эронӣ ва русии ин комиссиюн ва ҳайатҳои иқтисодӣ ба мизбонии Русия шурӯъ шуд ва имрӯз ( сешанбе ) бо имзои асноди мухталиф ба кори худ поён медиҳад .
Авҷӣ хотирнишон кард Эрону Русия ду кишвари бузурги минтақа ҳастанд ва зарфиятҳои хубе дар заминаи транзит, энержӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо барои густариши ҳамкорӣ доранд то таҳримҳоро беасар кунанд .
Вазири нафти Ҷумҳурии исломии Эрон изҳор кард дар заминаи энержӣ тавофуқҳои хубе байни Эрону Русия ниҳоӣ шудааст ва як тавофуқномаи куллӣ ҳам бо Александр Новак-муовини нахуствазири Русия имзо хоҳад шуд .

Бештар бихонед :