Табрики солрӯзи валодати Имом Ҳасани Аскарӣ ( ъ )
Ноябр 03, 2022 18:38 Asia/Dushanbe
Панҷшанбе ҳаштуми рабиъуссонии 1444 баробар бо сеюми ноябри 2022 солрӯзи мелоди Имом Ҳасани Аскарӣ ( ъ ) -набераи Паёмбари Акрам ( с ) башоратдиҳандаи мунҷии мавъӯд ( аҷ )аст .
Мардуми Эрон дар солрӯзи мелоди ин имоми ҳумом шаҳрҳои худро озин баста ва бо пахши ширинӣ ва шарбат ин рӯзи бузургро ҷашн мегиранд .
Ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ ( ъ )
дар ҳаштуми рабиъуссонии 232 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушуданд . Даврони зиндагии эшон ҳамзамон бо ҳукумати хулафои аббосӣ буд, бинобарин он воломақом бо вуҷуди ихтиноқу маҳдудият бо тадбир ва омӯзишҳои саҳеҳ бар огоҳӣ ва инсиҷоми мусулмонон афзуданд .