Ноябр 06, 2022 11:20 Asia/Dushanbe
  • Мушаки Саёд В4 рунамои шуд
    Мушаки Саёд В4 рунамои шуд

Мушаки Саёд В4 неруи падофанди ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури ҷамъи аз мутахассисони саноати дифоъӣ рунамои шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон мушаки Саёд В4 имруз бо ҳузури генерал Муҳаммадризо Оштиён, вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳ, генерал Алиризо Сабоҳифард, фармондеҳи неруи падофанди ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷамъи аз мутахассисони саноати дифоъи рунамои шуд.

Озмуни сомонаи иртиқоёфтаи Бовар 373 зидди ҳадафҳои дуристода бо мушаки бурди баланди Саёд В4 бо мувафақият анҷом шуд. Дар ин озмун ҳадафи дур истодан дар бурди беш аз 450 километр мавриди исобат ва инҳидоми комил қарор гирифт.

Мушаки бурди баланди Саёд В4 дорои сухти ҷомеъи муракаб буда ва барои нахустин бор мавриди арзёбии комили амалёти қарор гирифт. Бурди родори кашфи сомонаи Бовар 373 ба 450 километр ва бурди родоргири ин сомона аз 260 ба 400 километр иртиқоъ пайдо карда аст.

Бурди мушаки сомона аз 200 то 300 километр ва иртиқои даргирии он аз 27 ба 32 километр афзоиш ёфта аст.

 

Барчасп