Ҷангандаҳои радаргурез ва паҳподҳо дар тирраси сомонаи Бовар-373
(last modified Mon, 07 Nov 2022 13:22:27 GMT )
Ноябр 07, 2022 18:22 Asia/Dushanbe
  • Ҷангандаҳои радаргурез ва паҳподҳо дар тирраси сомонаи Бовар-373
    Ҷангандаҳои радаргурез ва паҳподҳо дар тирраси сомонаи Бовар-373

Фармондеҳи неруи падофанди ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки сомонаи Бовар-373 ҷангандаҳои радаргурез ва паҳподҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Озмуни сомонаи иртиқоъёфтаи Бовар-373 зидди аҳдофи дуристо бо мушаки бурди баланди Саёд В4 рузи якшанбе дар Эрон бо мувафақият анҷом шуд.

Бурди радари кашфи сомонаи Бовар-373  аз 350 ба 450 километ ва бурди радари даргирии ин сомона аз 260 ба 400 километр иртиқоъ пайдо карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Алиризо Сабоҳифардифар бо баёни ин ки иртиқоъи сомонаи Бовар 373 Ҷумҳурии Исломиро ба дувумин кишвари дорандаи чунин сомонаи бо қудрати боло ва бурди беш аз 300 километр дар ҷаҳон табдил кард афзуд: Ин сомона илова бар ин ки метавонад бо ҳамаи ҷангандаҳои ҷаҳон даргир шавад қодир аст то бо ҷангандаҳои насли панҷуми ҷаҳон, ки радаргурез ҳастанд низ ба таври комил даргир шавад.

Генерал Сабоҳифард таъкид кард паҳподҳое, ки бо кори муштараки Вазорати дифоъ ва падофанди ҳавоӣ артиши Эрон тавлид шуд дар ин озмоиш ба иртифоъи 43 ҳазор пойи расид ва дар онҷо мавриди исобати сомонаи Бовар-373  қарор гирифт.

Фармондеҳи неруи падофанди ҳавоӣ артиши Эрон бо баёни ин ки фақат як кившар дар ҷаҳон дорои сомонаи монанди Бовар-373 аст таъкид кард агар дигар кишварҳо бихоҳанд сомона бо ин қудратро тавлид кунанд то 20 сол замон ниёз доранд, аммо Эрон тавонист ба мурур ин сомонаро иртиқоъ диҳад то бар бурди беш аз 300 километр даст пайдо кунад.

Генерал Сабоҳифард ҳамчунин дар бораи дар ихтиёр доштани силоҳи лазерии зидди паҳпод изҳор кард Эрон дар ҳавзаи лазер ба тавони бисёр хуби даст ёфт ва лазерро бо қудратҳои мухталиф ба майдон овард ва тести майдонии онро ҳам анҷом дода аст.