Ноябр 12, 2022 11:45 Asia/Dushanbe
  • Ситораи эронӣ болотар аз Неймар ва Гари Кин дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Ситораи тими миллии футболи Эрон сеюмин муҳоҷими хатарноки Ҷоми ҷаҳонии 2022-и Қатар лақаб гирифт .

Мусобиқоти ҷоми ҷаҳонии 2022 камтар аз 10 рӯзи дигар ба мизбонии Қатар баргузор мешавад .
Ба гузориши хабаргузории Форс,Зачи Лоуи-хабарнигори амрикоӣ ба муаррифии беҳтарини голзанони ҳозир дар ҷоми ҷаҳонӣ дар соли 2022 ба ҳамроҳи бошгоҳҳои худ пардохт .
Дар ин радабандӣ Маҳдии Торимӣ- ситораи тими миллии Эрон ва узви бошгоҳи Порто бо ба самар расондани 29 гол дар соли 2022 дар радаи сеюмин голзани бартари ширкаткунанда дар Ҷоми ҷаҳонии 2022-и Қатар қарор гирифт .
Дар ин радабандӣ Килян Мбапе-ситораи тими миллии Фаронса-мудофеъи унвони қаҳрамонӣ бо ба самар расондани 42 гол дар соли 2022 хатарноктарин муҳоҷими Ҷоми ҷаҳонӣ лақаб гирифт .
Роберт Ливандовский-ситораи пешини Бавария Мюнхен ва кунунии Барселона бо ба самар расондани 28 гол дар радаи дувум болотар аз Маҳдии Торимӣ истод.
Гари Кин-капитани Англия, яке аз рақибони Эрон бо 28 гол поинтар аз Торимӣ истод .Неймар-ситораи тими миллии Бразилия ҳам бо 24 гол поинтар аз ситораи эронӣ дар радаи панҷум истод .
Ҷоми ҷаҳонии футболи Қатар бисту дувумин Ҷоми ҷаҳонӣ аст, ки аз бисту якуми ноябр то ҳаждаҳуми декабри 2022 ба мизбонии кишвари Қатар баргузор хоҳад шуд ва тими миллии футболи Эрон дар гуруҳи B бо Англия, Амрико ва Уэлс ҳамгуруҳ аст .
Ҷоми ҷаҳонии футбол пурбинандатарин рухдоди варзишӣ дар дунё аст ва ҳар чаҳор сол як бор барои мушаххас шудани қаҳрамони футболи ҷаҳон баргузор мешавад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп