Ноябр 15, 2022 14:03 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими футболи нобиноёни Эрон муқобили Узбекистон

Тими футболи нобиноёни Эрон дар чорчӯби рақобатҳои қаҳрамонии Осиё – Уқёнусия ва касби саҳмияи паралимпии Порис тими Узбекистонро шикаст дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,тими футболи нобиноёни Эрон дар дуюмин дидори гуруҳии худ дар чорчуби рақобатҳои интихобии паралимпии Порис, ки дар Ҳинд дар ҳоли баргузорӣ аст, муваффақ шуд: Тими футболи нобиноёни Узбекистонро бо натиҷаи 6 бар сифр шикаст диҳад .
Тими футболи нобиноёни Эрон дар аввалин бозии худ низ тими Австралияро бо натиҷаи 8 бар сифр шикаст дода буд .
Тими Эрон имрӯз ( се шанбе ) ба масофи тими футболи нобиноёни Ҷопон меравад .
Футболи нобиноёни Эрон дар гуруҳи дувуми рақобатҳои қаҳрамонии Осиё - Уқёнусия бо тимҳои Австралия, Ҷопон,Узбекистон ва Кореяи ҷанубӣ ҳамгуруҳ аст.
Ин рақобатҳо аз шанбеи 12 ноябр оғоз шудаасту ҷумъаи ҳафтаи ҷорӣ ба поён мерасад .
Тимҳои футболи нобиноёни Эрон, Кореяи ҷанубӣ, Ҷопон, Австрали  ,Узбекистон, Ҳинд, Чин, Тайланд, Малайзия ва Қазоқистон дар ин рақобатҳо ҳузур доранд .

 

Барчасп