Вазири иқтисоди Толибон : Расонаҳои хориҷӣ қасди ироаи тасвири ноамн аз Эрон доранд
(last modified Tue, 15 Nov 2022 09:27:00 GMT )
Ноябр 15, 2022 14:27 Asia/Dushanbe
  • Вазири иқтисоди Толибон : Расонаҳои хориҷӣ қасди ироаи тасвири ноамн аз Эрон доранд

Вазири иқтисоди давлати муваққати Толибон, ки ба Эрон сафар карда аст гуфт ки дар ин сафар шоҳиди оромиш аст, аммо расонаҳои хориҷӣ фазои мултаҳибу ошубӣ аз Эрон нишон медиҳанд .

Аз замони бурузи иғтишошоти ахир дар Эрон ба баҳонаи марги Маҳсо Аминӣ, трибунаи Эронинтирнашнол доим дар ихтиёри раҳбароне аз аҳзоби таҷзияталаби курд, араб ва балуч қарор дорад; ба тавре ки дар бист рӯзи аввали ошӯбҳо беш аз 20 чеҳраи таҷзияталаб ҷамъан 50 бор дар ин расона мусоҳиба карда буданд ; албата Би Би Си ҳам аз ғоилаи таҷзияталабӣ ва ташвиқ ба иқдомоти хушунатталабонаву террористӣ дар Эрон ақиб намондааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, қорӣ Динмуҳаммад Ҳанифӣ-вазири иқтисоди давлати муваққати Толибон душанбешаб дар оғози вуруд ба фурудгоҳи Машҳад мавриди истиқболи расмии устондори Хуросони разавии Эрон қарор гирифт ва изҳор кард афроде ки дар хориҷ аз Эрон зиндагӣ мекунанд дар фазои маҷозӣ тасвири ворунае аз воқеияти мавҷуд дар Эронро мушоҳида мекунанд ва душманони ин кишвар таҷаммуъоти кучаку пароканда дар шаҳрҳоро ба унвони эътирози бузург нишон медиҳанд .
Муҳаммад Ҳаниф ҳамчунин бо ишора ба меҳмондустии мардуми Эрон афзуд Машҳад шаҳри маънавӣ аст ва мавриди тавваҷуҳи бисёре аз мусулмонон қарор дорад .
Яъқубалии Назарӣ-устондори Хуросони разавии Эрон низ дар ин дидор гуфт душман бо амалиёти расонаӣ ва кори равонӣ қасди эҷоди ноамнӣ дар Эронро дорад .
Назарӣ бо баёни инки Амрико кишварҳои исломиро раҳо намекунанДИИШ дастпарвардаи Амрико аст тасреҳ кард ҳадафи душман дар эҷоди тафриқа байни мусулмонон тамаъи бисёр ба сарватҳои худододӣ ҳамчун нафту маодин дар сарзаминҳои кишварҳои исломӣ аст .