Ноябр 16, 2022 14:54 Asia/Dushanbe
  • Миллати Эрон иҷоза намедиҳад амнияташ бозичаи мудохилагаронаи хориҷӣ қарор гирад
    Миллати Эрон иҷоза намедиҳад амнияташ бозичаи мудохилагаронаи хориҷӣ қарор гирад

Вазири умури хориҷаи Эрон, Ҷумҳӯрии Исломиро яке аз кишварҳои қурбонии терроризм унвон ва тасреҳ кард, миллати Эрон ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод манофеъ ва амнияташро бозичаи дасти мудохилагарони хориҷӣ ва террористҳои таҳти ҳимояти онҳо қарор гиранд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар паёме ба "ivica dačić" муовини аввали нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Сибиристон, зимни ташаккур аз паёми таслият ва ибрози ҳамдардии вай дар бораи ҳодисаи террористӣ дар ҳарами муқаддаси Шоҳчароғ (а) Шероз навишт, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба унвони яке аз кишварҳои қурбонии террооризм ва ифротгароӣ, ҳамвора дар роҳи мубориза бо ин падидаи шум дар тамоми арсаҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ пешгом буда ва дар ин роҳ шуҳадои бисёре аз ҷумла Сардори шаҳид Қосим Сулаймониро тақдим кардааст.

Вазири  умури хориҷаи Эрон афзӯд: Муътасифона бархе кишварҳои салтагар ва мудаъии мубориза бо терроризм, ки аз эъмоли таҳрим ва фишорҳои ҳаддиаксари алайҳи миллати Эрон ноумед шудаанд, талош доранд бо сиёсатҳои фаребкорона аз ҷумла ташвиқ ва тарвиҷи хушунат ва террор, дар иродаи Ҷумҳӯрии Ислормии Эрон барои тайи масири иқтидор ва пешрафт ихтилол эҷод кунанд.

Амир Абдуллоҳиён ибрози умедвори кард, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар ҳамкори бо кишварҳои мустақил ва дуст, аз ҷумла Сибиристон гомҳои арзишмандеро дар роҳи муборизаи воқеъи бо падидаи шуми терроризм  ва муқобила бо сиёсатҳои фаребкоронаи бозигарони салтагар бардоранд.

26-уми октябр дар ҳамлаи террористии ДОИШ ба Шоҳчароғ, ҳарами муттаҳари ҳазрати Аҳмад бин Мусо(а), дар шаҳри Шероз, марказӣ устони Форси Эрон, 13 нафар аз ҷумла 2 кӯдак шаҳид ва 30 нафар аз зоирон захмӣ шуданд.

Бештар бихонед:

Барчасп