Ноябр 17, 2022 14:04 Asia/Dushanbe
  • Иршодӣ: Ниёзе нест Ғарб, муддаии дуруғини ҳифозат аз занони эронӣ бошад

Муовини намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо маҳкӯм кардани тасвиби қатъномаи вазъияти ҳуқуқи башар дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ниёзе нест Ғарб, муддаии дуруғини ҳифозат аз занони эронӣ бошад.

Кумитаи сеюми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе бо аксарияти заъиф ба қатъномаи пешниҳодии Канада дар робита бо мавзӯи ҳуқуқи башар дар Эрон раъйи мусбат дод.

Ин қатъномаи зиэди эронӣ дар ҳоле бо 79 раъйи мувофиқ ба тасвиб расид, ки 28 кишвар бо он мухолифат карда ва 68 кишвар низ ба он раъй мумтанеъ(бетараф) доданд.

Заҳро Иршодӣ, сафиру муовини намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк дар нишасти Кумитаи сеюми Маҷмаи умумии Созмони милал перомуни «дастури кори вазъиятҳои ҳуқуқи башарӣ ва гузоришҳои гузоришгарони вижа» изҳор кард, кишварҳои бонии қатъномаи зидди эронии ҳуқуқи башар, дар пӯшиши ҳимоят аз ҳуқуқи занон, аз ҳамаи имконоти худ, аз ҷумла интишори иттилооти гумроҳкунанда ва нодуруст, таҳрики афкори умумӣ, ироаи омӯзиши иқдомоти харобкорона ва ҳамчунин ҳимояти молӣ ва низомӣ аз гурӯҳҳои террористӣ истифода мекунанд то эътирозоти мусолиматомезро ба хушунат бикашонанд.

Иршодӣ афзуд, бониёни ин қатънома, ки муддаии дифо аз ҳуқуқи башар дар Эрон ҳастанд, худ дорои собиқае тулонӣ дар нифоқи ошкор, стандартҳои дугона ва истифодаи абзорӣ аз ҳуқуқи башар дар ростои дастури кори кӯтаҳфикронаи худ буда ва ҳеҷ як аз онони ахлоқи шоистаи мавъизаи эрониҳо дар боби ҳуқуқи башар нестанд, зеро иъмоли онҳо бо суханонашон дар таъоруз аст.

Вай хотирнишон кард, ваҷҳи муштараки Канада, Амрико, Англия, Олмон ва режими Исроил, ваҳшигарӣ, сангдилӣ, куштори худсарона, наслкушӣ ва поксозии қавмӣ аст.

 

Барчасп