Ноябр 18, 2022 17:43 Asia/Dushanbe

Муҳсини Ризоӣ, муовини иқтисодии раисҷумҳури Эрон гуфт, аз мусаббибони ин ҷиноят интиқоми сахте хоҳем гирифт.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои маркази Хузистон, Муҳсини Ризоӣ имрӯз - 27 обонмоҳ дар маросими хоксупории шуҳадои ҳодисаи террористии Эза изҳор дошт, ду - се нафар аз мусаббибони ин ҳодисаи террористӣ дар ҳоле ки мехостанд аз марзи Моку (дар Озарбойҷони ғарбӣ) хориҷ шаванд, дастгир шуданд ва дар ҳоли бозгашт ба самти Аҳвоз ҳастанд.

Вай идома дод, аз масъулони қазоӣ мехоҳам, ки афроди ҷинояткорро ба Эза биоваранд ва дар муқобили чашми мардум муҷозот кунанд то бидонанд Эзаи қаҳрамон ҳамеша сари пои худ истодаасту бо додани чанд шаҳид хам намешавад ва масири таърихии худро идома хоҳад дод ва ба ҳеҷ ваҷҳ дар бархӯрд бо мусаббибон кӯтоҳӣ сурат нахоҳад гирифт.

Муовини иқтисодии раисиҷумҳури Эрон баён кард: Худи ман, ки ба намояндагӣ аз раиси ҷумҳур дар Эза ҳузур пайдо кардаам, корро дунбол хоҳам кард.

Дар ҳодисаи террористии чаҳоршанбешаби Эза ҳафт нафар шаҳид ва ҳашт нафар маҷруҳ шуданд.

 

Барчасп