Раисӣ: Касби рутбаи аввали минтақа дар бахши беҳдошт нишонаи боландагии Эрон аст
(last modified Mon, 21 Nov 2022 12:35:02 GMT )
Ноябр 21, 2022 17:35 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Касби рутбаи аввали минтақа дар бахши беҳдошт нишонаи боландагии Эрон аст
    Раисӣ: Касби рутбаи аввали минтақа дар бахши беҳдошт нишонаи боландагии Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон касби рутбаи аввали минтақа ва понздаҳуми ҷаҳон дар бахши беҳдошт ва дармонро нишонаи пешрафт ва боландагии кишвар донист.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди таҳрим ва фишорҳои сиёсии ҷаҳонӣ бо такия ба нақши муҳими мардум ба махсусан ҷавонони нухба ва фаъол дар арсаҳои илмӣ ва пизишкӣ мавонеъро канор зада ва ба дастоварҳои хуби расида аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсати ҷумҳурӣ: Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаштумин мақсади аз ҷаласоти назорати ситоди бар дастгоҳҳои иҷроӣ субҳи имруз душанбе ба Вазорати беҳдошту дармон ва омузиши пизишки рафт ва пас аз шунидани гузориши вазир ва муъовинони ин вазоратхона аз амалкарди яксола гуфт кинаи душманон аз ҳамин дастовардҳои азим ноши шуда аст.

Раисӣ афзуд қатъан барои душманон пазируфта нест, ки Эрон таҳти таҳрим натанҳо 95 дарсад аз доруҳои мавриди ниёзи мардумашро тавлид кунад балки ба содиркунандагони дору низ табдил шавад.

Алӣ Баҳодуриҷаҳруми, сухангуи давлати Эрон низ 1 ноябр дар нишасти хабари бо ироаи охирин вазъияти шохисаҳои тавлиди кишвар гуфт: Эрон дар тавлиди 500 маҳсули пизишки худкафо шуда аст.