Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба маъмурони гашти интизомӣ дар Зоҳидон
Фармондеҳи интизомии устони Систону Балӯчистони Эрон аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба маъмурони гашти интизомии посгоҳи Чашмаи зиёрати Зоҳидон ва шаҳодати сарбози мудофеъи амният хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор сартип Муҳаммади Қанбарӣ-фармондеҳи интизомии устони Систону Балӯчистон дар ҷануби шарқи Эрон гуфт: Маъмурони интизомии посгоҳи Чашмаи зиёрати Зоҳидон дар ҳини гаштзанӣ дар ҳавзаи муҳофизатӣ буданд, ки афроди мусаллаҳ бо як худрав ғофилгирона ба самти маъмурони интизомӣ тирандозӣ карданд .
Фармондеҳи интизомии устони Систону Балӯчистони Эрон афзуд бар асари ин тирандозӣ як сарбози мудофеъи амнияти Эрон ба шаҳодат расид ва як мудофеъи амният низ маҷрӯҳ шуд .
Сардор Қанбарӣ тасреҳ кард аз ҳамон лаҳазоти ибтидоӣ бо ташкили тими вижа шиносоӣ ва дастгирии омилони тирандозӣ оғоз шудааст .
Пас аз даргузашти Маҳсо Аминӣ бархе шаҳрҳо азҷумла Зоҳидон бо таҳрики душманони Ҷумҳурии исломӣ ва расонаҳои мухолифи зидди инқилоб бо иғтишошот рӯ ба рӯ шуд .
Иғтишошгарон дар Зоҳидон ба амокину амволи умумӣ хисорат ворид карданд ва ҳамчунин террористҳо дар бархе шаҳрҳо шуморе аз неруҳои амниятӣ ва полиси Эронро ҳадаф қарор доданд ва ба шаҳодат расонданд.