Интиқоди Эрон ба истифодаи абзорӣ аз ҳуқуқи башар
Ситоди ҳуқуқи башари Эрон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар баёнияе, таваққуфи истифодаи абзорӣ аз мақулаи ҳуқуқи башар ва ниҳодҳои байналмилалиро барои таҳмили султа бар соири кишварҳо хостор шуд.
Ин ситод таъкид кард, суи истифодаи истикбор аз заъфҳои сохторӣ ва муассисоти байналмилалӣ ба ҳамроҳи императори расонаӣ- сайберӣ дар амал барои ин маҷомеъ дар дифо аз ҳуқуқи инсонҳо ҳайсит боқӣ нагузоштааст.
Ситоди ҳуқуқи башари Эрон ёдовар шудааст, режими саҳюнистӣ бо ҳимоятҳои Амрико ва Аврупо, миллати Фаластинро муҳосира, сарзаминашонро ишғол ва мардуми Фаластинро аз ҳаққи ҳаёт маҳрум кардааст.
Дар ин баёния омадааст, дар Сурия ва Ироқ ҳам садҳо ҳазор бегуноҳи ироқӣ ва сурӣ ба дасти террористҳои мавриди ҳимояти Амрико ва режими саҳюнистӣ ва давлатҳои аврупоӣ ва ҳомиёни минтақаии онон ва бо мушорикати мустақими низомёни амрикоӣ ва аврупоӣ қатли ом шудаанд.
Бар асоси ин баёния, ҳамчунин қариб ду сол аст, ки миллати мазлум Яман омоҷи ҳамалоти васеъ ва вайронгари вобастагони Амрико ва Англис дар минтақа аст.
Ситоди ҳуқуқи башари Эрон дар баёнияи худ меафзояд, Ҷумҳурии Исломии Эрон муътақид аст, муҳиммтарин ва асоситарин иқдом барои иртиқои ҳуқуқи башар, муқобила бо диктатураи секулоризм ва таҳмили идиологияи императори мустакбири ғарбӣ аст.