Муваффақияти Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i94646-Муваффақияти_Садо_ва_Симои_Ҷумҳурии_исломии_Эрон
Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон ҷоизаҳои кумитаи фаннии Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои Осия ва Ууқёнусия ( ABU )-ро ба худ ихтисос дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 26, 2022 13:03 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон

Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон ҷоизаҳои кумитаи фаннии Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои Осия ва Ууқёнусия ( ABU )-ро ба худ ихтисос дод .

Дар ҷаласаи кумитаи фаннии панҷоҳу нуҳумин нишасти Маҷмаъи умумии Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои Осия ва Ууқёнусия ( ABU ),ки аз имрӯз ( шанбе ) ، дар Деҳлии нав-пойтахти Ҳинд оғоз шудааст, намояндагони расонаи миллӣ муваффақ шуданд ду ҷоизаи кумитаи фанниро дар бахши мақолот ба худ ихтисос диҳанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  мақолаи Ҷаводи Мардонпур, Муҳаммадризо Нурифард ва Муҳаммади Мардонипур бо унвони « Меъёри тахсиси манобеъ барои муҳтавои чандрасонаӣ дар шабакаи LTE » дар бахши фаннии тахассусӣ яке аз мақолоти бартар интихоб шуд .
Мақолаи мунтахаби дигар « Чи гуна фанноварии DVB - I ба созмонҳои радио ва телевизиюнӣ кумак мекунад то барои оянда омода шаванд » ба ҳиммати Фотимаи Фаллоҳӣ ироа шуда буд .