Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Басиҷ бояд дар майдони илм ҳузур дошта бошад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i94648-Раҳбари_муаззами_инқилоби_исломӣ_Басиҷ_бояд_дар_майдони_илм_ҳузур_дошта_бошад
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҷамъи басиҷиён таъкид карданд : Басиҷ бояд дар майдони илм ҳузур дошта бошад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 26, 2022 13:18 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Басиҷ бояд дар майдони илм ҳузур дошта бошад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҷамъи басиҷиён таъкид карданд : Басиҷ бояд дар майдони илм ҳузур дошта бошад.

Ба муносибати ҳафтаи Басиҷ, имрӯз ( шанбе ) ҷамъи зиёде аз басиҷиён бо ҳузур дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ -Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидор бо басиҷён таъкид карданд : Шумо басиҷиёни имрӯзу оянда мухотаби ин хитобаед, Басиҷ фақат барои майдони низомӣ нест,Басиҷ бояд дар майдони илми дин ва улӯми моддӣ ҳузур дошта бошад .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд : Дар муҳити илму таҳқиқ Басиҷ коромад буд, ҳам дар қазияи корона ва ғайрикорона донишмандони ҳастаии мо басиҷӣ буданд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд : Басиҷ фарҳанги хизмати бетазоҳур ба мардум аст,Басиҷ фарҳанги муҷоҳидати бидуни таваққуъ(чашмдошт) аст .

Идома дорад . . .