Ноябр 30, 2022 10:11 Asia/Dushanbe
  • Дар тақвими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, солрӯзи валодати ҳазарати Зайнаб (с) рӯзи парастор номгузори шудааст
    Дар тақвими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, солрӯзи валодати ҳазарати Зайнаб (с) рӯзи парастор номгузори шудааст

Имрӯз (чаҳоршанбе) 30-уми ноябри 2022 баробар бо панҷуми ҷимодулаввали соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ, солрӯзи валодати ҳазрати Зайнаб (с), набераи Паёмбари акрам (с) аст.

 Эшон дар канори бародари бузургавораш ҳазрати Имом Ҳусейн (а) бо ҷараёни  мутаҳаҷир ва мунҳарифе мубориза мекарданд, ки ба исми дифоъ аз Ислом, фоҷеаи бузурги Карбалоро ба вуҷӯд оварданд.

Ҳазрати Зайнаби Кубро (с) ҳар рӯз вуҷӯдаш аз меҳру маърифати Расули гиромии Ислом (с) ҷони тоза мегирифт ва аз илму балоғати падари гиромиашон ҳазрати Алӣ (а), баҳра ҷуст ва руҳаш дар домани пуръатуфати модари бузургаворашон ҳазрати Фотима (с) ба соҳили оромиш расид.

Эшон пас аз шаҳодати ҳазрати Имом  Ҳусейн (а) дар сахтарин шароит  дар баробари ҷинояткорон ва ситамкорон истоданд ва душодуши бародараш, бо суханони кубанда душманони Исломро расво карданд.

Дар тақвими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, солрӯзи валодати ҳазарати Зайнаб (с) рӯзи парастор номгузори шудааст.

Радиоии тоҷикии Садои Хуросон, фарорасидани солрӯзи валодати ҳазрати Зайнаби Кубро (с), бонуи қаҳрамони Исломро ба ҳама мусалмонон ба вижа шиаён табрик мегӯяд.

Барчасп