Ройзании телефонии Амир Абдуллоҳиён ва Човуш Уғлӯ
Вазири хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва вазири хориҷаи Туркия телефони дар бораи вазъияти таҳаввулоти марзӣ ва даргириҳои тизоми байни Туркия ва Сурия баҳс ва табодули назар карданд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Амир Абдуллоҳиён дар ин гуфтугӯи телефони зимни ишора ба дарки Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз нигарониҳои амниятии Туркия ва лузуми рафъи ин нигарониҳо таъкид кард, таҳақуқи ин мусталзим, тадовуми гуфтугуҳои амниятӣ миёни дукишвар буда ва тавасул ба амалиёти низомии замини на танҳо кумаке ба ҳали мушкилот нахоҳад кард, балки муҷиби эҷоди хисорат ва печидатар шудани вазъият хоҳад шуд.
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идомаи омодагии Ҷумҳурии Иломии Эронро барои ироаи ҳаргуна кумак ба манзури ҳалу фасли сиёсии мушкилот мавҷуд миёни Туркия ва Сурия эълом кард.
Вазири хориҷаи Туркия низ дар ин гуфтугӯи телефони зимни ташреҳи вазъияти ҷорӣ ва мавозеи кишвараш дар қиболи он, аз нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон тақдир кард ва муқаррар шуд ин тамосҳо идома ёбад.
Бештар бихонед:
- Дидор ва ройзании Амир Абдуллоҳиён бо муовини вазири хориҷаи Арманистон
-
Дидори ноиб раиси гурӯҳи дустии парлумони Сурия бо Амир Абдуллоҳиён