Декабр 02, 2022 21:00 Asia/Dushanbe

Раиси Девони олии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи Конгресси байналмилалии руасои девонҳои олии АвруОсиё дар Маскав, бо мақомоти баландпояи қазоии Русия дидору ройзанӣ кард.

Даҳумин иҷлоси саросарии додрасҳои Русия имсол бо садумини соли таъсиси девони олии ин кишвар ҳамзамон шуд.

Дар ин иҷлос руасои Девони олии Ҷумҳурии исломии Эрон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, ҷумҳурии Озарбойҷону Ҳинд ҳузур доштанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар ин нишаст бар зарурати тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамгироии ин кишварҳо дар ҳавзаи қазоӣ таъкид кард.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайидаҳмади Муртазавимуқаддам, раиси Девони олии Эрон, ки дар раъси ҳайате барои ширкат дар даҳумин нишасти саросарии қозиёни Конгресси байналмилалии девонҳои олии АвруОсиё ба Маскав сафар кардааст, дар чорчӯби ройзаниҳои худ бо Вячеслав Лебедов, раиси Девони олии Русия ба гуфтугӯ нишаст.

Дар ин дидор, ки Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия ва аъзои ҳайатҳои ду кишвар ҳам ҳузур доштанд, тарафайн дар бораи ҳамкориҳои Эрону Русия дар ҳавзаи қазоӣ ва роҳҳои таҳкиму тақвияти ин ҳамкориҳо гуфтугӯ карданд.

Муртазавимуқаддам дар ҳошияи иҷлоси саросарии қуззот ҳамчунин бо мақомоти олирутбаи қазоии Русия ва бархе кишварҳои ширкаткунанда дар ин иҷлос дидору ройзанӣ кард.

 

Барчасп