Декабр 11, 2016 12:20 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Англия ба Вазорати умури хориҷаи Эрон

Сафири Англия дар Теҳрон ба думболи мавозеи зидди эронии нахуствазири он кишвар дар Манома, пойтахти Баҳрайн ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ба думболи изҳороти мудохилаҷӯёнаи Тереза Мэй, нахуствазири Англия дар нишасти сарони Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар Манома, Николас Ҳоптон, сафири ин кишвар дар Теҳрон рӯзи шанбе, ба Вазорати умури хориҷа эҳзор ва маротиби эътирози давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба изҳороти насҷидаи нахуствазири он кишвар ба вай иблоғ шуд.

Қосимӣ афзуд, ба сафири Англия дар Теҳрон тазаккур дода шуд, ки изҳороти ғайримасъулона, таҳрикомез ва тафриқаафканонаи Тереза Мэй дар нишасти Манома, ғайриқобили қабул ва мардуд аст ва интизор меравад, дигар чунин изҳороти ғайриқобили қабул баён нашавад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, гуфт, ба сафири Англия таъкид шуд, ин иқдомот дар таноқуз бо тавсеаи равобит буда ва беш аз пеш равобити Эрон ва Англияро хадшадор мекунад.

Николас Ҳоптон, сафири Англия дар Теҳрон ҳам гуфт, сиёсати кишвараш  мубтанӣ бар густариши равобит бо Эрон аст, паёми сареҳ ва равшани Эронро ҳарчи зудтар ба Вазорати умури хориҷа ва дафтари нахуствазири Англия мунъакис хоҳад кард.

Нахуствазири Англия ахиран дар нишасти сарони Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар Манома муддаӣ шуд, Эрон таҳдиде барои минтақаи Халиҷи Форс аст.

 

Барчасп