Декабр 05, 2022 12:54 Asia/Dushanbe
  • Чаҳорумин камисиюни муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар июли 2021 дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд
    Чаҳорумин камисиюни муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар июли 2021 дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд

Понздаҳумин камисиюни муштараки иқтисодии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Тоҷикистон имрӯз (душанбе) дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, ин иҷлос бо таъкид бар аҳамияти ҳифз ва иртиқои равобит ва ҳамкориҳои мутақобил ва дар ростои таҳкими равобит ва густариши ҳамкорҳои Эрон ва Тоҷикистон ба мизбонии Вазорати нерӯи Эрон ва раёсат,  Алиакбар Меҳробиён ва Далери Ҷӯмъа вазири энержи ва захоири обии Тоҷикистон оғоз шуд.

Дар нахустин рӯз аз камисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон, тарфайн зимни боздид аз ширкати маркази поиш ва кантроли оби Теҳрон ва низ озмоишгоҳҳои санҷиши кайфияти об, ҷаласоте бо ҳузӯри   федрасиюн ва бахши хусуси баргузор мешавад.

Бар ин асос, ду тараф дар фазоӣ дӯстона, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ,фаннӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ташкили кумитаҳо  ва гурӯҳҳои кори, пайгирии тавофуқот ва тавсиаи ҳамкориҳоро мавриди барраси қарор медиҳад.

Чаҳорумин камисиюни муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар июли 2021 дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп