Декабр 06, 2022 12:10 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар қоби тасвир : Тавлиди попоё-меваи устувоии ношинохта дар Ҳамадон

Попоё-яке аз меваҳои устуво (экватор)ӣ бо арзиши ғизоӣ ва доруии болост, ки асолати он марбут ба кишварҳои Тайланд, Малайзия ва Амрикои ҷанубӣ аст, ки илова бар таъмини маводи ғизоии мавриди ниёзи бадан дар дармону пешгирӣ аз бемориҳои саратон, халестерини хун, диабет, асаб ва гайра корбурд дорад .

Яке аз кишоварзони устони Ҳамадон баъд аз нобасомонӣ дар бозори сабзавот тавонистааст бо пай бурдан ба хосиятҳои дармонӣ ва ғизоии « попоё » ва аҳамияти иқтисодии он нисбат ба кишти соири маҳсӯлоти кишоварзӣ, иқдом ба кишту тавлиди ин маҳсӯли устувоӣ дар шаҳристони Кабудароҳанги устони Ҳамадон кунад .
Ин парваришдиҳанда меваҳои устувоии гармсерӣ бо баёни инки ин навъ аз меваҳо аз хавосу арзиши доруии болое бархурдор аст гуфт, дар ибтидо кишти озмоишии меваҳои устувоие ҳамчун попоё, банан, ананас, разберри(Raspberry)-ро анҷом ва пас аз кишти озмоишӣ ва муваффақиятомез будани он тамоми сатҳи 5000 метри мураббаъ аз масоҳати гулхонаи худро ба кишти меваҳои устувоӣ ва гармсерӣ ихтисос додааст .

 

 

 

 

 

 

Барчасп