Декабр 07, 2022 11:51 Asia/Dushanbe
  • Дар юриши низомиёни режми Паҳлавӣ ба тазоҳурот кунандагон се донишҷӯи эронӣ ба шаҳодат расиданд ва садҳо нафар захмӣ шуданд
    Дар юриши низомиёни режми Паҳлавӣ ба тазоҳурот кунандагон се донишҷӯи эронӣ ба шаҳодат расиданд ва садҳо нафар захмӣ шуданд

(Чаҳоршанбе) шонздаҳуми озар (ҳафтуми декабр) дар тақвими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон Рӯзи донишҷӯ номгузори шудааст.

16-уми озари соли 1332 ҳиҷри шамси (ҳафтуми декабри соли 1953 мелодӣ), донишҷӯёни Эрон ҳамзамон бо сафари  Ричорд Нексон муовини Раиси Ҷумҳӯрии вақти Амрико ба Эрон дар эътироз ба дахолатҳои Вашингтон дар умури дохилии Эрон, муқобили донишгоҳи Теҳрон тазоҳурот карданд.

Ин тазоҳурот бо юриши низомиёни режими даст нишонда ва комилан вобастаи Паҳлавӣ ба хок ва хун кашида шуд.

Дар юриши низомиёни режми Паҳлавӣ ба тазоҳурот кунандагон се донишҷӯи эронӣ ба шаҳодат расиданд ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

Рӯзи донишҷӯ ёдовари мақтае аз таърихи муборизоти миллати Эрон зиддӣ сиёсатҳои мудохилаҷуёнаи Амрико дар Эрон аст, аз инрӯ, воқеъаи 16 озар дар шаклгирӣ ва ҳувайтбахши ба муборизоти донишҷӯён дар Эрон аз аҳамияти хосе бархурдор аст.

Бархурдорӣ аз гуфтумони истекборситезӣ ва ормонгаройи динӣ ва инқилобӣ, барҷастатарин шохисаҳои ҷунбиши донишҷӯёни Эрон аз замони шаклгири то ба имрӯз аст.

Баррасии ҳувияти таъхрихӣ ва раванди шаклгири ва нақшофариниҳои ҷунбиши донишҷӯӣ дар Эрон низ нишон медиҳад, ки қишри донишҷӯ ҳамвора бо ташхис ва таҳлили дуруст, рисолати худро дар чорчӯби масолеҳ ва манофеъи миллии Эрон таъриф кардааст.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп