“Пресс ТВ”: Ҳамчунон садои бесадоён хоҳем буд
Шабакаи хабарии англисизабони “Пресс ТВ” дар баёнияе бо маҳкум кардани қатъи пахши ин шабака аз моҳвораи “Ютелсат” таъкид кард, “Пресс ТВ” ҳамчунон садои бесадоён хоҳад буд ва ин марҳаларо низ табдил ба фурсате нав барои фаъолиятҳои худ хоҳад кард.
Пас аз он ки Иттиҳоди Аврупо дар 14 ноябри 2022 дар иқдоме ошкоронаи зиддиэронӣ шабакаи англисизабон “Пресс ТВ”- ро таҳрим кард, ширкати моҳвораии фаронсавии “Ютелсат” низ ҳушдори қатъ барои ин шабака ирсол кард.
Шабакаи хабарии англисизабони “Пресс ТВ” рӯзи чаҳоршанбе дар ин баёния эълом кард, иқдоми душманонаи “Ютелсат” ва дар дараҷаи аввал Иттиҳоди Аврупо яке аз ҳалақоти занҷираи иқдомотест, ки барои хомӯш кардани танҳо садои мардуми Эрон дар фазои расонаии англисизабон тарроҳӣ шудааст.
Ин баёния меафзояд, масдуд шудани ҳисобҳои корбарӣ дар платформаҳои иҷтимоӣ аз Твиттер гирифта то Фейсбук, Инстаграм ва Ютюб ва ҳатто тавқифи доманаи .com вебсайти “Пресс ТВ” аз сӯи Вазорати додгустарии Амрико ва низ таҳрими кормандону мудирони ин шабака аз сӯи Вазорати хазонадории Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бахше аз парвандаи терроризми расонаӣ аст.
Дар идомаи баёнияи шабакаи “Пресс ТВ” ба боздошти чанде пеш Марзия Ҳошимӣ, муҷрӣ, мустанадсоз ва хабарнигори аршади ин шабака низ ишора шуда ва омадааст: Акнун фароянди мунозиаи Аврупову Амрико бо шабакаи “Пресс ТВ” ба болотарин сатҳи худ расидаву Иттиҳоди Аврупо медонад, ки “Пресс ТВ” шабакае аст, ки тасвири воқеии Аврупоро ба худашу ҷаҳониён нишон медиҳад ва бо сиёҳнамоӣ аз Эрони воқеӣ низ муқобила мекунад.
“Пресс ТВ” дар ин баёния ба мизбонии Аврупо аз шабакаҳои пуршумори душман бо Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам ишора ва тасреҳ кард, Аврупо дар баробари мавҷи нафратпароканӣ, тафриқаафканӣ, интишори фейкнюсҳо ва теориза кардани хушунату қатлҳои фоҷеаовару ваҳшатафканонаи мухолифон аз сӯи иғтишошгарони Эрон сукут мекунад ва созмондеҳии расонаии омӯзишу тарғиби онон ба харобкорӣ ва ошӯб дар хиёбонҳои шаҳрҳои Эрон бо ҳадафи ба мухотира афкандани амнияти шаҳрвандони эронӣ таҳрики гуруҳҳои таҷзияталабу ҳимояти зиракона аз террористҳои хориҷиро нодида мегираду номи онро озодии баён мегузорад.
“Пресс ТВ” дар ин баёния хотирнишон кард, иттихози стандартҳои дугона дар бархӯрд бо озодии баён ва ба вижа масоили ҳуқуқи башарӣ аз сӯи Иттиҳоди Аврупое, ки ҳанӯз меҳри истеъморгариву ҷиноёти ҳуқуқи башарӣ дар кишварҳои африқоӣ ва осиёиро бар пешонӣ дорад, дигар ба амре одӣ табдил шудааст.