Вокуниши Вазорати хориҷаи Эрон ба иқдоми “Ютелсат” дар ҳазфи “Пресс ТВ”
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, дар ҳоле ки Аврупо мизбони шабакаҳои зиёди мураввиҷи хушунату терроризми зидди Эрон аст, аммо моҳвораи “Ютелсат” шабакаи “Пресс ТВ” -ро ба далели таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо аз феҳристи ин моҳвора ҳазф кард.
Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бомдоди панҷшанбе дар Твиттер навишт: Иқдоми ҷадиди зидди шабакаи телевизионии “Пресс ТВ” чеҳраи воқеии муддаиёни дурӯғини озодии баён ва чархиши озоди иттилоотро ошкортар мекунад. Ширкати моҳвораии фаронсавии “Ютелсат” чанд ҳафта пас аз эъмоли таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди шабакаи хабарии англисизабони “Пресс ТВ”, ин шабакаро қатъ кард.
Иттиҳоди Аврупо ба тозагӣ ва ба баҳонаи тарафдорӣ аз демократия шабакаи телевизионии “Пресс ТВ” -ро дар канори ашхосу созмонҳои эронӣ таҳрим кардааст.
Шабакаи хабарии англисизабони “Пресс ТВ” дар солҳои охир борҳо ба баҳонаҳои беасос аз сӯи ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти моҳвораӣ таҳти фишор будааст. Иқдоми ширкати “Ютелсат” дар ҳазфи барномаҳои шабакаи телевизионии “Пресс ТВ” бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ ва озодии расонаҳост.
Дар ҳамин ҳол ҳафтаи гузашта давлати Амрико низ раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон ва бархе аз муовинони ин созмон, азҷумла муовини бурунмарзиро дар листи таҳримҳои худ қарор дод.