Декабр 14, 2022 11:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ дар канори мардум будан ва аз мардум будан ва ҷонфишонӣ дар роҳи ободонии дин ва дунёи мардумро ифтихори худ медонистанд
    Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ дар канори мардум будан ва аз мардум будан ва ҷонфишонӣ дар роҳи ободонии дин ва дунёи мардумро ифтихори худ медонистанд

Масъулини ситоди мардуми бузургдошти саввумин солгарди шаҳодати Ҳоҷ Қосим. шиъори имсоли ин ситодро "Ҷонфидо" эълом кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳамидризо Муқадамфар масъули ситодии мардуми бузургдошти саввумин солгарди шаҳодати Қосим Сулаймонӣ рӯзи сешанбе таи суханоне бар сари мазори ин шаҳиди воломақом гуфт: Ҳоҷ Қосим намоди сидқу ихлос, хайрхоҳӣ, вафодорӣ ва фадокорӣ дар роҳи миллати Эрон ва намоди зулм ситези эрониён дар дифоъ аз мазлумон дар ҳар нуқтаи олам аст.

Вай бо ишора ба инки шаҳид Сулаймонӣ Ҷумҳӯрии Исломии Эронро "Ҳарам" медонист ва аз ибтидои ҷавонӣ то ҳангоми шаҳодат дар роҳи ҳифзи амният, рифоҳ ва оромиши мардум муҷоҳидат кард, идома дод: Ӯ дар канори мардум будан ва аз мардум будан ва ҷонфишонӣ дар роҳи ободонии дин ва дунёи мардумро ифтихори худ медонистанд.

Масъули ситоди мардуми бузургдошти саввумин солгарди шаҳодати Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ бо ишора ба иттифоқоти ахир ва нақши, ки душманон дар иғтишошот доштанд, хотирнишон кард: Мо дар мактаби Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ меомӯзем, ки бояд барои Эрон ва муқобила бо ҳар чизе, ки Эронеро таҳдид мекунад бо сидқ ва ихлос ҷонфишони кунем.

Муқадамфар дар идома  эълом кард: Дар баррасии пешниҳодоти васл шуда аз сӯи мардум, шиори имсол "Ҷонфидо" интихоб шудааст, ки намоди дилбастагии мутақобили миллати Эрон ва қаҳрамони миллии онҳо яъне Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп