Хандаи талх ба як дурӯғ/ дар зиндони занон чӣ хабар аст?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i95768-Хандаи_талх_ба_як_дурӯғ_дар_зиндони_занон_чӣ_хабар_аст
Ба тозагӣ овозаҳое дар шабакаҳои маҷозӣ ва расонаҳои муонид дар бораи рафтор бо занони зиндон дар Эрон мунташир мешавад, ки нигарониҳое дар сатҳи ҷомеа эҷод кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 20, 2022 14:16 Asia/Dushanbe

Ба тозагӣ овозаҳое дар шабакаҳои маҷозӣ ва расонаҳои муонид дар бораи рафтор бо занони зиндон дар Эрон мунташир мешавад, ки нигарониҳое дар сатҳи ҷомеа эҷод кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, як рӯзи зиндагӣ дар надоматгоҳи занони Теҳрон дар канори зиндониён, аммо нишон медиҳад занони зиндонӣ дар муҳити комилан занона дар канори ҳам машғули кор ва зиндагӣ ҳастанд ва ончи ахиран онҳо ва хонаводаҳояшонро ранҷ медиҳад, ҳамин овозаҳои беасос аст, ки ранҷи таҳаммули ҳабсро ташдид мекунад.

 Аз авохири сентябр манотиқи мухталифи Эрон шоҳиди бурузи иғтишошҳое аст, ки дар ҳамон нахустин рӯзҳо нақши бархе расонаҳои суннатӣ ва навин дар густариши ин иғтишошҳо бориз буд.

 Дар ин иғтишошот сарони сиёсии Амрико ва баъзан Аврупо, расонаҳои онон ва низ расонаҳои форсии муониди мавриди ҳимояти Ғарб бо шиори ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Эрон, дар ҳимоят аз иғтишошгарон ва барҳамзанандагони амнияти миллат санги тамом гузоштанд.

 Би Би Си-и форсӣ ва Эронинтернашнал, ду расонаи лондоннишин низ нақши пурранге дар ҷиҳати табдили эътироз ба иғтишош дар Эрон ва шиддат гирифтани иғтишошҳо ифо кардаанд.