Баррасии имконоти ҳамкорӣ миёни корофаринони Тоҷикистону Эрон дар Машҳад
Муровидоти молӣ, мушорикату сармоягузорӣ, воридоту содирот, тасҳили ҳамлу нақл ва лағви раводид аз баҳсҳои аслии нишасти корофаринони тоҷику эронӣ дар Утоқи бозаргонии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Машҳад буд.
Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии “Садои Хуросон”, ҷаласаи машваратии корофаринони тоҷику эронӣ ва нишасти B2B имрӯз – чаҳоршанбеи 21 декабри 2022 (30 озари 1401) дар Утоқи бозаргонии Эрон дар Машҳад баргузор шуд.
Дар ин нишаст Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Утоқи бозаргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба таври онлайнӣ ва Муҳаммадҳусайни Равшанак, раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон, Ғуломҳусайни Шофеӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ ва маодини Эрон, Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, раиси Утоқи бозаргонии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Амирризо Раҷабӣ, раиси Созмони санъат, маъдан ва тиҷорати устони Хуросони Разавии Эрон ба навбат суханронӣ карданд.
Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Утоқи бозаргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳусни меҳмондории масъулони Ҷумҳурии исломии Эрон изҳори ташаккур кард ва хостори тавсеаи ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии Эрону Тоҷикистон шуд. Вай изҳори омодагии ниҳодаш барои кумаку мусодат дар тасҳили фаъолияти туҷҷори ду кишвар ва рафъи мавонеи мавҷудро эълом кард.
Муҳаммадҳусайни Равшанак, раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон зимни суханронии худ аз мақомоти ду кишвар рафъи мавонеи тиҷорӣ, стандарти молу коло ва мушкили ҳамлу нақлро хостор шуд. Вай аз ташкили Шӯрои корофаринони Эрону Тоҷикистон хабар дода гуфт: Мо аз масъулони ду кишвар тақозо дорем, ки баҳси лағви раводид дар ин шӯро ҳаллу фасл шавад.
Ӯ ҳамчунин бо ишора ба қаробати фарҳангии мардуми Тоҷикистону Эрон, вуҷуди раводид ё визоро нолозим донист ва хостори лағви раводид байни ду кишвар шуд.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон низ дар тамоси видеоӣ, густариши ҳамкориҳои ду кишварро нишон аз иртиқои сатҳи равобит бо иродаи сарони ҳар ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг донист. Вай ҳамчунин аз тасҳили умури раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон хабар доду гуфт, мавзӯи лағви раводидро низ бо масъулони Тоҷикистон дар миён гузоштааст ва ин раванд аз сӯи масъулони Тоҷикистон ба таври мусбат пазируфта шуда ва дар ҳоли баррасӣ аст.
Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дар суханронии худ аз иртиботи рӯзафзуни ҳайатҳои тиҷориву сармоягузории ду кишвар истиқбол кард ва хушхабар дод, ки дар соли нави мелодии 2023 парвози ҷадиди ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” –и Тоҷикистон ба шаҳри таърихиву гардишгарии Шероз роҳандозӣ хоҳад шуд.
Ғуломҳусайни Шофеӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ ва маодини Эрон ба зарфиятҳои истифоданашудаи миёни ду кишвар ишора карду гуфт: Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз лиҳози захоири обӣ мақоми аввалро дорад ва беш аз 60 дарсади манобеи обии минтақаро дорост. Вай афзуд: Аммо сармоягузорони эронӣ аз зарфияти обии Тоҷикистон истифода намекунанд ва барои кошти фарозаминӣ ба Бразилия ва Венесуэла мераванд.
Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ ва маодини Эрон дар бахши дигаре аз суханонаш таъкид кард, ки кишварҳои Эрону Тоҷикистон тиҷорати тарҷеҳиро ҷиддӣ бигиранд ва ҳамдигарро такмил кунанд.
Дар поёни нишаст ҳайати Тоҷикистон ба рамзи таҳкими дӯстӣ як ҷомаи суннатии тоҷикӣ ба раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ ва маодини Эрон ва тарҳи саноеи дастӣ ба раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон ҳадя карданд.