Декабр 22, 2022 13:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати Заҳро (с.а) анҷом мешавад; ташйиъи пайкари 400 шаҳиди гумном дар кишвар

Фармондеҳи сипоҳи ҳазрати Муҳаммад (с) гуфт, ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а), саросари Эрон мизбони 400 шаҳиди гумном аст.

Сешанбе 27 декабри 2022 сеюми ҷимоди-ул-сонии 1444 ҳиҷрии қамарӣ, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а), духтари гиромии Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамсари ҳазрати Алӣ (а) сардори сартип Ҳасани Ҳасанзода, фармондеҳи сипоҳи Муҳаммад Рассуллоҳ (с) Теҳрон эълом кард, миллати Эрон дар солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) мизбони 400 шаҳиди гумном дар сартосар кишвар аст. Бар асоси ин гузориш, пайкари 400 шаҳиди гумном дар саросари Эрон рӯи дастони мардуми шаҳидпарвар ташйиъ хоҳад шуд. Пайкари 200 шаҳид дар устонҳо ва 200 шаҳид дар Теҳрон ташйиъ хоҳад шуд.

 

Барчасп