Вазорати иттилооти Эрон : Чаҳор тими амалиётии МОССАД шиносоӣ ва боздошт шуданд
Вазорати иттилооти Эрон эълом кард : Чаҳор тими амалиётии созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ ( МОССАД) тавассути неруҳои амниятӣ шиносоӣ ва боздошт шуданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Вазорати иттилооти Эрон рӯзи панҷшанбе дар иттилоъияе эълом кард ки бо талошҳои ҳирфаӣ ва хастагинопазири неруҳои амниятӣ, чаҳор тими амалиётии созмони ҷосӯсии МОССАД шиносоӣ ва тамоми аъзои онҳо боздошт шуданд . Режими ҷаълии ҷинояткори саҳюнист бо сӯъиистифода аз иғтишошоти ҳафтаҳои гузашта дар бархе аз манотиқи Эрон дар паи он буд бо ҳидояти тимҳои амалиётӣ иқдом ба чанд маврид амалиёти террористии таркибӣ кунад, ки ҳамаи террористҳо пеш аз ҳар гуна иқдоме боздошт шуданд . Аз авохири сентябр бархе аз манотиқи мухталифи Эрон шоҳиди бурузи иғтишошҳое буд, ки дар ҳамон нахустин рӯзҳо нақши бархе расонаҳои суннатӣ ва навин дар густариши ин иғтишошҳо намоён шуд . Дар ин иғтишошот сарони сиёсии Амрико, режими саҳюнистӣ ва баъзан бархе аз кишварҳои аврупоӣ, расонаҳои онон ва низ расонаҳои форсии муониди мавриди ҳимояти Ғарб бо шиори ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Эрон дар ҳимоят аз иғтишошгарон ва барҳамзанандагони амнияти миллат санги тамом гузоштанд. Талоши кишварҳои ғарбӣ ва расонаҳои вобаста ба онон барои эҷоди иғтишошу ноамнӣ дар Эрон шароите аст, ки пеш аз ин миллионҳо нафар аз миллати Эрон дар хиёбонҳову маёдини кишвар дар ҳимоят аз низому кишварашон ва мухолифати қотеъ бо ошӯбу иғтишош ҳузур ёфтанд .