Заминаи роҳандозии парвози мустақим аз Машҳад ба Туркистон фароҳам шуд
(last modified Thu, 22 Dec 2022 15:37:12 GMT )
Декабр 22, 2022 20:37 Asia/Dushanbe
  • Заминаи роҳандозии парвози мустақим аз Машҳад ба Туркистон фароҳам шуд

Муовини ҳамоҳангии умӯри иқтисодии устондории Хуросони разавӣ гуфт : Заминаи роҳандозии парвози мустақим аз Машҳад ба Туркистон дар кишвари Қазоқистон тибқи дидорҳои анҷомшуда бо сарконсули ин кишвар фароҳам шудааст .

Ба гузориши ИРНА, Абулфазли Чамандӣ- муовини ҳамоҳангии умӯри иқтисодии устондории Хуросони разавӣ рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи дидор бо Эрбол Аҳмадов-сарконсули кишвари Қазоқистон дар Эрон афзуд : дар бораи ҳамкориҳои муштараки устони Хуросони разавӣ ва Туркистон дар бахши эҷоди манотиқи вижаи иқтисодӣ низ гуфтугӯҳое анҷом ва муқарар шуд устондори Туркистон ба Машҳад сафар кунад .
Ба гуфтаи Чамандӣ дар бораи танзими нақшаи роҳи ҳамкориҳои муштараки 2 устони Хуросони разавӣ ва Туркистон то замони сафари ҳайатҳои расмӣ гуфтугӯҳое байни бахшҳои хусӯсӣ анҷом хоҳад шуд то ба ҳангоми мубодилаи ҳайатҳо тафоҳумномаи ҳамкориҳои муштарак ба имзои 2 тараф бирасад.
Барқарории ҳамкориҳои муштарак дар ҳавзаи ҳамлу нақл ва транзит, нақши санъати гардишгарӣ бавижа гардишгарии саломат дар тавсеаи ҳамкориҳо, омодагии Хуросони разавӣ барои барпоии намоишгоҳи ихтисосӣ дар устони Туркистон ва ба сурати мутақобил дар Машҳад ва табодули фазои намойишгоҳӣ байни 2 устон аз дигар мавориди мавриди гуфтугӯи муовини ҳамоҳангии умӯри иқтисодии устондории Хуросони разавӣ ва сарконсули кишвари Қазоқистон дар Эрон эълом шудааст .