Декабр 24, 2022 13:12 Asia/Dushanbe
  • Хисорати миллионевраии Yotelset ба далели қатъи шабакаҳои русӣ ва эронӣ

Ширкати моҳвораии Yotelset ба иллати адами пахши барномаҳои эрониву русӣ аз тариқи ин моҳвора хисорати чандмиллион евраӣ мутаҳаммил хоҳад шуд .

Ба гузориши хабаргузории Райтер, ширкати фаронсавии Yotelset эълом кард, ки ба дунболи таълиқи чандин барномаи телевизиюнӣ дар Эрону Русия ин ширкат дар даромадҳои солонаи худ ҳудуди 10 то 15 миллион евра мутаҳаммили ҳазина хоҳад шуд .
Ин ширкати моҳвораӣ дар баёнияе эълом кард ки пахши се барномаи русӣ ва ҳамчунин тамоми фаъолиятҳои пахши муртабит бо Садо ва Симои Ҷумҳурии исломиро мутаваққиф кардааст .
Моҳи декабри гузашта моҳвораи Yotelset ба пайравӣ аз таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи шабакаҳои телевизиюнии эрониву русӣ ба вижа шабакаи ПрессТВ пахши онҳоро таълиқ кард .
Соли гузашта низ ин ширкати фаронсавӣ пахши барномаҳои шабакаи хабарии Рашатодеи Русия ба забони олмониро қатъ карда буд .
 

 

Барчасп