Мелоди ҳазрати Масеҳ(а) гироми бод
(last modified Sun, 25 Dec 2022 08:12:05 GMT )
Декабр 25, 2022 13:12 Asia/Dushanbe
  • Мелоди ҳазари Масеҳ(а) гироми бод
    Мелоди ҳазари Масеҳ(а) гироми бод

Имруз якшанбе 25 декабри соли 2022 солрузи мелоди фархунда ҳазрати Исои Масеҳ(а) аст.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, ҳазрати Исои Масеҳ(а) аз паёмбарони бузурги Илоҳӣ аст, ки дар Қуръони Карим мавриди такрими бисёр қарор гирифта аст. Қуръони Карим дар оятҳои мутаъадиди ба муъаррифии Масеҳ(а) ва ҷойгоҳи ишон ба унвони яке аз паёмбарони улулазм яъне соҳиби китоб ва шариъат мепардозад.

Ҳазрати Исои Масеҳ(а) фарзанди ҳазрати Марям(с) аст, ҳазрати Исои Масеҳ(а) башорат дод, ки баъд аз ман Расули хоҳад омад, ки номаш Аҳмад ҳазрати Муҳаммад(с) паёмбари бузургавони ислом хоҳад буд.

Масеҳиён дар рузи мелоди фархунда ҳазрати Исои Масеҳ(а) паёмбари бузурги Илоҳӣ ойнин махсуси баргузор мекунанд, ки барафроштани дарахти коҷи сабз дар хонаҳо ошнотарини ин русум барои ҳамагон аст.

Соли нав дар ҳамаи кишварҳое, ки тақвими мелодиро ба расмият мешиносанд аз аввали моли январ оғоз мешавад.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон мелоди фархунда ҳазрати Масеҳ(а)-ро ба ҳамаи пайравон ва дустдорони он ҳазрат ба вижа ҳамватанони азизи масеҳӣ табрик мегуяд.