Ташиъи шуҳадои гумном дар Машҳади муқаддас
(last modified Tue, 27 Dec 2022 09:31:51 GMT )
Декабр 27, 2022 14:31 Asia/Dushanbe
  • Ташиъи шуҳадои гумном дар Машҳади муқаддас
    Ташиъи шуҳадои гумном дар Машҳади муқаддас

12 шаҳиди гумноми дифоъи муқаддас рузи сешанбе дар ойини маънавии бошукуҳи дар солрузи шаҳодати мазлумонаи ҳазрати Заҳро(с) дар Машҳади муқаддас ташиъ шуданд ойине, ки беш аз ҳарчизи ёдовари исор, вафодори ва дар айниҳол мазлумияти миллати Эрон буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон онгунае, ки идораи кулли ҳифзи осор ва нашри арзишҳои дифоъи муқаддаси Хуросон Разавӣ эълом карда аст 2 нафар аз ин шуҳадои гумном 17 сола ва дигари 19 сола ва ҳатто навҷавони 16 сола низ дар ҷамъи 12 шаҳиди гумноми имруз қарор дорад, ки дар даврони дифоъи муқаддас шаҳид шуданд.

Бар асоси ин гузориш 2 шаҳиди гумном 20 сола ва 2 шаҳиди 28 сола ва шуҳадоӣ 22,23,25 ва 28 сола низ бо анҷоми озмоишҳои женетики шиносоӣ ва таъини син шуданд.