Бартарии шаҳрдории Гургони Эрон дар суперлигаи баскетболи Ғарби Осиё
Декабр 29, 2022 14:58 Asia/Dushanbe
Тими шаҳрдории Гургони Эрон дуюмин дидори худ дар суперлигаи баскетболи Ғарби Осиёро бо пирӯзӣ пушти сар гузошт.
Тими шаҳрдории Гургони Эрон, ки дар нахустин дидори худ ва дар масофи хориҷ аз хона баробари Арриёзии Лубнон натиҷаро вогузор карда буд, имрӯз ва дар дидоре хонагӣ пазирои Алкаромаи Сурия буд.
Тими шаҳрдории Гургони Эрон бо натиҷаи 83 бар 78 баробари Алкаромаи Сурия ба пирӯзӣ даст ёфт.
Барчасп