Гиромидошти ёду хотираи шаҳид Сулаймонӣ дар Арманистон
Маросими сеюмин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ дар маҳали сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ереван, пойтахти Арманистон баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аббоси Бадахшони Зуҳурӣ-сафири Эрон дар Арманистон гуфт: Сардор шаҳид Сулаймонӣ дар масири муҷоҳидат гумном ва ҳамаи корҳои ин шаҳиди воломақом Худоӣ буд ва ҳар ончӣ тавоноӣ дошт Худованди мутаъол ба ӯ ато карда буд .
Бадахшони Зуҳурӣ ҳамчунин дар бораи равобити ду кишвари Эрон ва Арманистон гуфт:Равобити торихии ду кишвар мустаҳкам буда ва ин равобит дар чорчуби манофеи ду миллат дар ҳоли густариш аст .
Роберти Беглариён-намояндаи масеҳиёни ароманаи ҷануби Эрон дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳам гуфт: Ҷомеъаи масеҳии Эрон эҳтироми хосе барои сардори шаҳид Сулаймонӣ қоил аст .
Бар асоси ин гузориш шуморе аз намояндагони ароманаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳам дар маросими солгарди сардори шаҳид Сулаймонӣ дар Ереван ҳузур доштанд .
Бештар бихонед :