Раисӣ дар ҷамъи бузурги мардумӣ: Интиқоми хуни шаҳид Сулаймонӣ ҳатми аст
(last modified Tue, 03 Jan 2023 14:32:02 GMT )
Январ 03, 2023 19:32 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар ҷамъи бузурги мардумӣ: Интиқоми хуни шаҳид Сулаймонӣ ҳатми аст
    Раисӣ дар ҷамъи бузурги мардумӣ: Интиқоми хуни шаҳид Сулаймонӣ ҳатми аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Амрикоиҳо бидонанд миллати Эрон аз хуни генерал Қосими Сулаймонӣ нахоҳанд гузашт ва интиқоми хуни ин шаҳиди воломақом ҳатми аст.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Иброҳими Расиӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷамъи бузурги мардуми ёдбуди севумин солгарди шаҳодати генерал Сулаймонӣ дар мусали имом Хумайнӣ(р) Теҳрон бо баёни инки вуҷуди инсонҳои таҳавулхоҳ ва адолатхоҳ мояи бақо ва майдондори аст афзуд: Генерал Сулаймонӣ шахсияте буд, ки нафақат ба миллати Эрон балки ба миллатҳои мусалмон дар ҷаҳон фикр мекард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин маросим, ки ақшори мухталифи мардум, хонаводаҳои шуҳадо, ҷонбозон, меҳмонони байналмилали, сафирони кишварҳо, масъулони олии кишварӣ ва лашкарӣ ва шахсиятҳои байналмилали ҳузур доштанд афзуд: Гиромидошти шаҳид Сулаймонӣ чеҳраи ҷаҳонии мубориза бо истикбор ва терроризм ва таҷлил аз ҳамаи хубиҳо ва эъломи нафрат ва безори аз зулм ва истикбор ва низоми султа аст.