Январ 06, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Мӯсавӣ: Миллатҳои мусулмон аз режими ғосиб, ҷаълӣ ва террористии саҳюнистӣ безор ҳастанд
    Мӯсавӣ: Миллатҳои мусулмон аз режими ғосиб, ҷаълӣ ва террористии саҳюнистӣ безор ҳастанд

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон алоқае надорад кишварҳои ҳамсоя ба ҷои низоъ ва тасвияҳисоби Эрон бо режими ҷаълии саҳюнистӣ табдил шавад.

Саидаббоси Мӯсавӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷумҳурии Озарбойҷон дар хусуси охирин мусоҳибаи сафири ин режим дар Бокӯ бо яке аз хабаргузориҳои ин кишвар дар хусуси густариши равобити ин режим бо ҷумҳурии Озарбойҷон ва баёни бархе суханони шайтанатомезу тафриқаангез алайҳи Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон алоқае надорад кишварҳои ҳамсоя ба маҳалли низоъ ва тасвияҳисоби Эрон бо режими ҷаълии саҳюнистӣ табдил шавад, аммо агар ин режим фикр мекунад бо наздик шудан ба ҳамсоягони Эрон метавонад таҳдиде барои Эрон бошад, ҳатман пушаймон хоҳад шуд.

Мӯсавӣ афзуд: Миллатҳои мусулмон аз режими ғосиб, ҷаълӣ ва террористии саҳюнистӣ безор ҳастанд ва на танҳо ҳузурашон дар минтақа муваққатӣ аст, балки умри нангини ин режими ҳам дар ҳоли ба сар омадан аст.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Бокӯ таъкид кард: Мо нисбат ба авоқиби ҳузуру нуфузи режими саҳюнистӣ ба сароҳат тазаккур додаему гуфтаем, режими саҳюнистӣ ҳаргиз дӯсти давлатҳову миллатҳои мусулмон нахоҳад буд ва тақвияту оддисозии равобит бо кишварҳои исломӣ пружаи вижаи ин режим барои эҷоди тафриқа миёни кишварҳои мусулмон, тасбити ғасбу ишғолгарӣ ва идомаи ҷиноятҳо алайҳи миллати Фаластин ва соири миллатҳои мусулмон аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп