Ҳузури тими миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA - 2023
Январ 07, 2023 18:14 Asia/Dushanbe
Тими миллии футзали бонувони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA - 2023 ширкат хоҳад кард.
Тими миллии футзали бонувони Тоҷикистон ба сарпарастии Мустафо Афшорӣ, мураббии эронӣ дар мусобиқоти Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ширкат хоҳад кард.
Шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон мизбони дуюмин давраи мусобиқоти қаҳрамонии CAFA дар байни тимҳои мунтахаби футзали бонувон хоҳад буд.
Ин бозиҳо аз 25 то 31 январ баргузор мешавад.
Тимҳои миллии бонувони Тоҷикистон, Эрон, Узбекистону Қирғизистон дар ин рақобатҳо барои касби медол ба масофи ҳам хоҳанд рафт.